ФУТБОЛ. Натиҷаи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июли соли равон бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дар натиҷа дастаҳое, ки ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифтанд, муайян гардиданд. Ба даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб, «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Равшан»-и Зафаробод, «Моҳир»-и Ёвон ва «Эсхата»-и Хуҷанд роҳ ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Саройкамар»-и Панҷ ва Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бозингарони ноҳияи Панҷ анҷом ёфт. Вале дастаи «Саройкамар» дар иваз кардани бозингарон қоидаро риоя накарда, чор имконияти иваз кардани футболбозонро дар вақти бозӣ истифода бурд (тибқи қоида дар вақти бозӣ се бозингарро иваз кардан мумкин аст). Ин масъала дар ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳар марҳила ду бозӣ анҷом медоданд, имсол он аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи муқаддамотӣ
«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – 2:1
«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:2
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 6:1
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:2. Пеналти – 0:3
«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон) – 1:4
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:5








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






