Футбол: санаи марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Санаи баргузории марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд, ки дар он 12 дастаи лигаи якум ширкат намуда, бозиҳо 7-8 июл баргузор мешаванд.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Агар дар вақти бозии асосӣ ғолиб муайян нагардид, пас ду пайти 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Дар сурати боз ҳам муваффақ нашудани дастаҳо ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда мешаванд. Дар натиҷаи бозиҳо шаш даста ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи лигаи олӣ мусобиқаро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим дастаҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи муқаддамотӣ
7 июл (сешанбе). Оғози бозӣ — соати 17:00.
«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор)
8 июл (чоршанбе). Оғози бозӣ — соати 17:00.
«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон)
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






