Футболбозони ҷавони тоҷик бар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолиб омаданд

Июль 27, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозии санҷишӣ миёни дастаҳои  футболи мунтахаби Тоҷикистон ва мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуд. Вохӯрии ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар ҳайати дастаи ғолиб голҳоро Амадонӣ Камолов ва Сунатулло Исмоилов ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ду даста имрӯзҳо ба ҷамъомади машқӣ-тамринӣ фаро гирифта шудаанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки 14-31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи дуюми интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022-ро идома медиҳад.

Бозии санҷишӣ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 0:2

Голҳо: Амадонӣ Камолов, 27 (0:1). Сунатулло Исмоилов, 87 (0:2).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Хуршед Бекназаров, Искандар Ҷалилов, Фирӯз Бобиев, Ислом Зоиров, Ҷаҳонгир Эргашев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.

Дар нимаи дуюм варзишгароне, ки иваз шуданд: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Билол Сулаймонов, Илҳомҷон Баротов, Хуршед Абдуллоев, Рустам Соиров, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов, Диловаршо Ғаниев.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов, Шоҳрух Сангов, Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Абдулмумин Забиров, Муҳаммад Саломзода, Шуҳрат Элмуродов, Амадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов.

Дар нимаи дуюм варзишгароне, ки иваз шуданд: Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарифов, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Парвиз Ҳоҷиев, Сунатулло Исмоилов.

Огоҳӣ: Рустам Соиров (мунтахаби Тоҷикистон), Манучеҳр Сафаров (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
25 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Июль 27, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд