Гулрӯ Ҷабборзода бо Антон Котяков мулоқоти мустақим анҷом дод
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Антон Котяков доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар доираи санадҳо, аз ҷумла «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия», «Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ», ки муқаррароти онҳо ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими масъалаҳои бозори меҳнат равона гардидааст, баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таъсиси Гурӯҳӣ коршиносони муштарак баҳри татбиқи босамари санадҳои ҳамкории амалкунанда ва ҳамзамон, таҳияи Нақшаи кории тарафҳо барои солҳои 2021-2022 мубодилаи афкор намуданд.
Баҳри ҳалли масоили ҷойдошта дар самти марбута мувофиқа шуд, ки масъалаҳои рӯзмарра дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғл мавриди баррасиву муҳокимаи коршиносони тарафҳо қарор дода шаванд.
Дар хотимаи ҷаласа ҷонибҳо барои таҳияи амалҳои муштарак дар самтҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






