Гурӯҳи муштараки корӣ барои омӯзиши вазъи деҳаҳои зарардида аз заминларза ба Тоҷикобод сафар кард

Июль 8, 2020 08:35

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзае, ки 4 июли соли равон дар мамлакат ба амал омад, чанд хона дар деҳаи дараи Нушори ноҳияи Тоҷикобод зарар диданд. Барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида аз заминларза гурӯҳи корӣ, ки ба он  кормандони Кумита ҳолатҳои фавқулода, Академияи илмҳо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд,  ба деҳаҳои зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод сафар карданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад, алҳол зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистон, Ғанишоб ва Сафедоб баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин деҳаҳо манзили баъзе сокинон қисман зарар дидаанд.

Аъзои ҳайати гурӯҳ бо сокинон мулоқот анҷом дода, иброз доштанд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати  мамлакат барои зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи мазкур супориши махсус доданд. Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбатҳо андешаву пешниҳоди сокинон ҷиҳати зудтар бартараф кардани оқибатҳои заминларза шунида шуданд.

Тавре каблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 4 июл, соати 14:53 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии мамлакат, маркази ин заминларза дар 201 километрии қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷараёни корҳои барқарорсозӣ пурра зери назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 8, 2020 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд