Гурӯҳи муштараки корӣ барои омӯзиши вазъи деҳаҳои зарардида аз заминларза ба Тоҷикобод сафар кард
ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзае, ки 4 июли соли равон дар мамлакат ба амал омад, чанд хона дар деҳаи дараи Нушори ноҳияи Тоҷикобод зарар диданд. Барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида аз заминларза гурӯҳи корӣ, ки ба он кормандони Кумита ҳолатҳои фавқулода, Академияи илмҳо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд, ба деҳаҳои зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод сафар карданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад, алҳол зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистон, Ғанишоб ва Сафедоб баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин деҳаҳо манзили баъзе сокинон қисман зарар дидаанд.
Аъзои ҳайати гурӯҳ бо сокинон мулоқот анҷом дода, иброз доштанд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи мазкур супориши махсус доданд. Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбатҳо андешаву пешниҳоди сокинон ҷиҳати зудтар бартараф кардани оқибатҳои заминларза шунида шуданд.
Тавре каблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 4 июл, соати 14:53 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии мамлакат, маркази ин заминларза дар 201 километрии қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷараёни корҳои барқарорсозӣ пурра зери назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






