Хуросон: зарардидагони офати табиӣ ба манзилҳои нав мекӯчанд
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бунёди 67 хона барои оилаҳои аз офати табиии моҳи май зарардида ба анҷом расида, бомпӯшонии якчанд манзили дигар боқӣ мондааст. Айни замон дар қисмати зиёди ин хонаҳо корҳои дару тирезачаспонӣ, андовакунӣ ва рангуборсозӣ идома доранд. Рӯзҳои наздик кӯчидани сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон ба манзилҳои нав имкон дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҳаллаи мазкур, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, марказҳои савдо бунёд гардида, барои таъмини аҳолӣ бо барқ алаккай симчӯбҳо шинонда шудаанд. Барои таъмин намудани сокинони маҳалла бо об 18 чоҳ кофта шуда, 1,5 километр роҳ пурра асфалтпӯш мегардад. Ҳамчунин, барои таъмини аҳолӣ бо барқ ду трансформатор насб карда мешавад.
«Ҷоиз ба зикр аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали рух додани ҳодиса дар маҳалли зарардида ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил намуда, аз ҳисоби сохторҳои дахлдор навбатдории шабонарӯзӣ бо нақлиёти махсус ба роҳ мондааст. Ситоди мазкур корҳои сохтмониро назорат карда, дар ҳалли мушкилоти бавуҷудомада ба сокинони маҳаллаи навбунёд мусоидат менамояд. Дар баробари кумакҳои аз ҷониби давлатрасида, инчунин ташкилоту идораҳо масолеҳи сохтмонӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ба сокинони аз офат зарардида кумаки пулӣ кардаанд. Аз ҷумла, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳам аз ҳисоби маош ба оилаҳои зарардида маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон кумак кардааст. Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ташкилоту идораҳои вилоятӣ ҳар рӯз то зиёда аз 1000 нафарро бо хӯроки гарми нисфирӯзӣ ва шом таъмин мекунанд»,- афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои масъулин, то ин замон ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумаки зиёд расонида шудааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 370 тонна семент, 370 метри кубӣ тахта, 3700 дона шифер ва 74 тонна арматур ва маҳсулоти хӯрока, аз қабили 7550 килограмм орд, 8000 килограмм пиёз, 8000 килограмм картошка, 8000 килограмм сабзӣ, 2150 килограмм биринҷ, 903 килограмм макарон, 6000 килограмм марҷумаку перловка ва 1505 литр равған кумак расониданд. Кумаки раиси вилояти Хатлон, дар баробари маҳсулоти хӯрока, аз 2000 дона ниқоби тиббӣ, 10 маҷмӯи либос ва айнаки муҳофизатӣ, 2 ҳароратсанҷ, 50 дона бахил, 100 ҷуфт дастпӯшак, 10 кӯлоҳ, 480 дона маҳлули антисептикӣ иборат буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарардидагонро бо 15 тонна орд, 300 қутӣ лавозимоти гигиенӣ, 35 хайма ва 14 тонна сӯзишворӣ таъмин намуд.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади барқарор кардани инфрасохтори зарардида аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон 250 метр канали калони корношоямгаштаи деҳаи Гулистони деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ барқарор гардида, тавассути он оби полезии 10400 гектар замини ноҳияи Хуросон ва 2800 гектар замини кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмин карда шуд.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи байни деҳаҳои Гулистон ва Ганҷинаро барқарор кард. Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон роҳи шаҳрчаи хаймавӣ бо дарозии 1200 метр ва паҳноии 8 метр сангфарш гардид. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар 5 нуқта оби нӯшокӣ гузаронида, 18 хоҷагӣ бо кандани чоҳи амудӣ бо оби полезӣ таъмин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 майи соли равон 67 хонаводаи ноҳияи Хуросон зарар дида, манзилҳояшон қисман ва пурра вайрон шудаанд. Ба зарардидагони офати табиӣ дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ба ҳар яке аз 67 оила ба андозаи 8-сотихӣ замин ва масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда шуд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»