Ҳилолбӣ Қурбонзода: Теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзудааст

Июль 29, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба пешбарӣ намудани занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда назаррас буда, сол аз сол теъдоди занон дар хизмати давлатӣ меафзояд. Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон аз шумораи умумии 5676 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1066 (18,7%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,4%) 22 нафар зиёд аст. Ин матлабро  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур баён дошт.

Номбурда афзуд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо аз 1 январ то 15 июли соли равон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нафар занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунанда таъйин гардиданд.

Дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон 3 нафар зан узви  ҳукумат буда, 5 нафар ба ҳайси роҳбарони мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар дар вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, ки “дар давраи пандемия тамоми нишондиҳандаҳои манфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфтааанд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи имсол 5486 ҳолати қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 579 ҳолат кам аст. Инчунин мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи имсол аз шумораи умумии 680 нафар гирифторони бемории ВНМО дар ҷумҳурӣ 260 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 нафар кам мебошад”.

Дар мавриди нашъамандии занон раиси Кумита иброз дошт, ки теъдоди нашъамандон аз ҳисоби занон дар сатҳи ҷумҳурӣ 113 нафар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар кам, гирифторони бемории сил 1098 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 нафар кам мебошад.

Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 400 вохӯриву суҳбатҳо, 600 барномаи маърифатӣ-фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, 216 санҷиши  муштарак, 33 семинари омӯзишӣ-иттилоотӣ ва машваратӣ, 10 озмуни маърифатӣ-фарҳангӣ, 7 мизи мудаввар, 11 аксия ва 28 мусобиқаи варзишӣ доир карда шуданд.

Июль 29, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид