Имрӯз Вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 15, 2020 08:11

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар  нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Саридораи геология соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Саридораи геология, Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 14:00 дар Вазорати мазкур ва Палатаи савдо ва саноат соати 15:30 дар Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотиро барпо менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.

Дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ҳар рӯзи корӣ эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботҳои беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Июль 15, 2020 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид