Ислоҳоти қонунгузорӣ ба беҳбуди сабти кӯдакон дар вилояти Хатлон мусоидат намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирот ва иловаҳои дахлдор, ки соли 2019 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ворид шуда буданд, “натиҷаҳои хеле мусбат медиҳанд, — гуфт дар посухи суоли хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» роҳбари Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи тағйироти нави ба қонун воридшуда, волидайн ҳуқуқ доранд шаҳодатномаи таваллудро ройгон бигиранд, агар ариза дар хусуси сабти кӯдак дар муддати се моҳи пас аз таваллуди ӯ пешниҳод шуда бошад.
Зинатгул Сафарзода илова намуд, ки дар Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки тамоми шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳои қонунии тасдиқкунандаи шахсият, аз ҷумла шаҳодатномаи таваллуд таъмин карда шаванд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ва иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалиаш тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва бо назардошти стандартҳои ҷаҳонӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия менамояд», – тавзеҳ дод вай.
Ба гуфтаи З. Сафарзода, сабти саривақтии таваллуди кӯдак на танҳо ҷузъи таркибии шахсияти тифл мебошад, инчунин барои банақшагирии давлатии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим аст.
Тибқи омори пешниҳоднамудаи сардори САҲШ, дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар вилояти Хатлон 41 ҳазору 70 тифл ва 8366 кӯдаки бузургтар аз яксола сабт шудаанд.
Дар ин давра 11 955 ҳолати издивоҷ ва 1230 ҳолати талоқ тибқи қонун сабт шудааст.








Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд






