Ислоҳоти қонунгузорӣ ба беҳбуди сабти кӯдакон дар вилояти Хатлон мусоидат намуд

Июль 21, 2020 11:07

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирот ва иловаҳои  дахлдор, ки  соли 2019 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ворид шуда буданд, “натиҷаҳои хеле мусбат медиҳанд, — гуфт дар посухи суоли хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» роҳбари Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ.

Тибқи тағйироти нави ба қонун воридшуда, волидайн ҳуқуқ  доранд шаҳодатномаи таваллудро ройгон бигиранд, агар ариза дар хусуси сабти кӯдак дар муддати се моҳи пас аз таваллуди ӯ пешниҳод шуда бошад.

Зинатгул Сафарзода илова намуд, ки дар Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки тамоми шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳои қонунии тасдиқкунандаи шахсият, аз ҷумла шаҳодатномаи таваллуд таъмин карда шаванд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ва иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалиаш тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва бо назардошти стандартҳои ҷаҳонӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия менамояд», – тавзеҳ дод вай.

Ба гуфтаи З. Сафарзода, сабти саривақтии таваллуди кӯдак на танҳо ҷузъи таркибии шахсияти тифл мебошад, инчунин барои банақшагирии давлатии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим аст.

Тибқи омори пешниҳоднамудаи сардори САҲШ, дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар вилояти Хатлон 41 ҳазору 70 тифл ва 8366 кӯдаки бузургтар аз яксола сабт шудаанд.

Дар ин давра 11 955 ҳолати издивоҷ ва 1230 ҳолати талоқ тибқи қонун сабт шудааст.

 

 

Июль 21, 2020 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд