Иззатулло Саидзода: 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардид

Июль 20, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи авали соли равон аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони ВАО директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода изҳори назар намуд.

Ба зикри мавсуф, ин тафсирҳо дар шакли китоб буда, аз тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» иборат буданд. Ҳамзамон Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон , Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии қонунгузорӣ дар самтҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ низ фаъолияти самарабахш дошта, пайваста баҳри пешбурди фаъолиятҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амсоли он тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Июль 20, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд