«КӮЧАИ УМЕД-612». Филми коргардони тоҷик Далер Имомалӣ ба Кинофестивали XVI байналмилалии Қазон даъват шуд

Июль 9, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 09.07.2010 /АМИТ «Ховар»/.  Филми ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ ба  Фестивали XVI байналмилалии филмҳои мусулмонии Қазон даъват гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Қаҳрамони асосии филми ҳуҷҷатии «Кӯчаи умед-612» доктори илмҳои фалсафа, мунаққиди синамо, узви Федератсияи байналмилалии мунаққидон  FIPRESCI  Саъдулло Раҳимов мебошад. Филм дар бораи сарнавишти ӯ, дар бораи «Тоҷикфилм», ки замоне ӯ роҳбарӣ карда буд, инчунин дар бораи рушди синамои миллӣ нақл мекунад.

Филм таҳти бренди киностудияи  «Суғсинамо ба номи Комил Ёрматов» ва Радиои «Ватан» ба навор гирифта шудааст. Ин сеюмин филми ҳуҷҷатии Далер Имомалӣ мебошад, ки дар киностудияи «Суғдсинамо» таҳия шудааст. То имрӯз филмҳои ӯ бо номи «Духтари Сайҳун» ва «Умар-ако»  дар ин киностудия ба новор гирифта шуда буданд, ки дар фестивалҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Умар-ако» дар Фестивали байналмилалии филмҳои ҳуҷҷатии «Артдокфест», ки 5-12 декабри соли 2019 дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург баргузор гардид, инчунин дар Кинофестивали миллии «Лолаи тиллоӣ» дар Душанбе  шитркат намуд.  Дар фестивали филмҳои мусулмонӣ дар Қазон порсол маҳз ҳамин  филм   дар категорияи  филмҳои  кутоҳметражи ҳуҷҷатӣ муаррифӣ  шуда буд.

Далер Имомалӣ  ҳамчун баранда дар радиоиҳои  «Ватан» ва «Имрӯз» фаъолият кардааст, инчунин бо гурӯҳи эҷодии «Нигоҳи нав» дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ҳамкорӣ намуда,  намояндаи мактаби коргардонҳои ҷавони  «Тоҷикфилм» аст.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали XVI  байналмилалии филмҳои мусулмонӣ аз 4 то 9 сентябри соли 2020 дар Қазон баргузор мегардад. Мавзӯи асосии фествиал 100-солагии Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тотористон  хоҳад буд. Як қатор барномаҳо ба ин чорабинӣ бахшида мешаванд.

Фестивали  имсола бе иштироки мухлисон,  ба таври  пӯшида  мегузарад. Ин тасмим аз ҷониби муассисон ва ташкилкунандагони фестивал ба хотири андешидани чораҳо оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳама корҳои «дохилӣ»-и фествиал тибқи низомнома иҷро карда мешаванд ва номи ғолибон дар аввали моҳи сентябри соли 2020 эълон хоҳад шуд.

Кумитаи тадорукоти фестивал 629 филмро аз 63 давлат ба қайд гирифт. Таҳти сарварии коршиноси кино Сергей Анашкин комиссияи интихоб барномаи озмуниро тартиб дод, ки 52 филмро дарбар мегирад. Барномаи  махкурдар сайти расмии КМФМК дастрас мебошад.

Пас аз эълони гардидани барномаи озмун аъзои ҳакамон ба кор оғоз мекунанд. Муҳокимаҳо ва маҷлисҳои ҳакамон фосилавӣ сурат мегиранд. Ғолибони филмҳо дар аввали моҳи сентябр тавассути интишори маълумоти дахлдор дар сайти расмии kazan-mfmk.com эълон карда мешаванд.

 

 

ДАР АКСИ БОЛО: қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов ва коргардон  Далер Имомалӣ. Акс аз бойгонии шахсии коргардон

Июль 9, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

С. Ятимов: «Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мебошанд»
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон форуми саноатӣ баргузор гардид
Дар Боғи Ирам даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир мешавад
МУТОЛИАИ КИТОБ ҒИЗОИ АҚЛ АСТ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф бахшида мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз ёфт
«Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо». Таҳти чунин унвон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Дар доираи маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» беш аз 500 духтар бо либоси миллӣ аз маркази Бохтар гузаштанд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ гардид
Шароф Рашидов: «Мирзо Турсунзода танҳо Мирзои тоҷикон не, балки Мирзои мо, ӯзбекон низ ҳаст»
Ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе барномаи мутрибони муассисаҳои Вазорати фарҳанг доир мешавад
«АЗ ЗАМИН НОНРЕЗАҲОРО ЧИДА МЕМОЛАМ БА ЧАШМ…». Ва ё рангҳои зиндагӣ дар шеъри рангини устод Мирзо Турсунзода
Дар Левакант даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» ҷамъбаст шуд