Корманди ШВКД-и Норак Анваршо Сафаров ҳангоми адои хизмат духтари ноболиғро наҷот дод
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак Анваршо Сафаров 8 июл ҳангоми адои хизмат духтари ноболиғеро, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуд, наҷот дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Корманди ШВКД аз худ далериву ҷасурӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ зоҳир карда, бо амали анҷомдодааш садоқат ба касбашро нишон дод.
Ин амали Анвар Сафаров аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Норак баланд арзёбӣ гардида, дар фазои идона раиси шаҳр Маликшо Неъматзода ба ӯ ифтихорнома ва туҳфа тақдим намуд.
Аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба ин корманди шуҷоъ рутбаи прапоршики калон дода шуд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






