Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»: дар 26 деҳа иншооти инфрасохторӣ бунёд гардид

Июль 30, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани саломатӣ ва маҳсулнокии чорво, пешгирӣ аз таназзули чарогоҳҳо ва беҳдошти муҳити зист дар доираи татбиқи Лоиҳа дар 26 деҳа иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла дар 3 деҳа пулҳои чорвогузар ва дар 22 деҳа хатҳои нуқтаҳои обнўшӣ барои чорво, инчунин дар 1 деҳа ҳавзи шустушўи чорво  мавриди истифода қарор дода шуд.  Ин нуктаро 29 июл зимни нишасти матбуотӣ  директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода иброз намуд.

Мавсуф  зикр намуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон сохтмони 19 зерлоиҳаҳои инфрасохтори чарогоҳҳо, аз ҷумла 13 зерлоиҳа оид ба сохтмони хати оби нӯшокии чорво, 2 зерлоиҳа оид ба сохтмон ва барқарорсозии клиникаи байторӣ, 1 зерлоиҳа оид ба барқарорсозии роҳи чорвогузар, 1 зерлоиҳа оид ба сохтмони кашар дар чарогоҳҳо, 2 зерлоиҳа оид ба сохтмони кӯпруки чорвогузар тибқи тартиби муқарраргардида  оғоз гардид, ки дар муҳлатҳои муайяншуда барои истифода ба ҷамъиятҳо супорида мешаванд.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ ва бо усули табиӣ беҳтар намудани зоти чорвои аҳолӣ барои зимистонгузаронӣ ва дар ҳолати хуби репродуктивӣ нигоҳ доштани 1303 сар қучқори зоти «Ҳисорӣ» ба миқдори зарурӣ хўроки консентратӣ барои баҳрагирандагон таъмин карда шуд.

Ҳамчунин бо мақсади зиёд намудани саршумори паррандаҳои хонагӣ, таъмини бозори маҳаллӣ  бо гӯшти парҳезӣ, тухм, асал ва меваҳои хушк, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занони ниёзманд дар доираи татбиқи Лоиҳа 109 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 899 нафар занони эҳтиёҷманд дар самти занбӯрпарварӣ, парандапарварӣ, маркетинги шир, парвариш ва бастубанди хуч дастгирӣ шуданд.

Июль 30, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст