Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар Донишгоҳ тиббӣ шумораи донишҷӯдухтарон афзуд»

Июль 16, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  теъдоди донишҷӯдухтарон нисбат ба соли гузашта 2,5% зиёд шуда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 41,7%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ   10509 нафар мебошад.

Дар ин хусус  ректори Донишгоҳи тиббӣ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  ба намояндагони воситаи ахбори омма иттилоъ дод.

Ректор афзуд, ки дар баробари донишҷӯёни ватанӣ дар донишгоҳ инчунин шумораи муҳасиллин  аз хориҷи мамлакат низ  зиёд гардидааст.

Теъдоди муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар ҳоли афзоиш буда, айни замон  1553  нафар донишҷӯ аз 14 давлати дунё, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо таҳсил  менамоянд. Дар донишгоҳ таҳсил барои донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи  таҳсили соли  гузашта дар донишгоҳ сифати таълим 1,2% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 6,6% беҳтар шудааст. Дар сессияи имтиҳонии тобистона сифати таълим 35,4% % ва дараҷаи дарсазхудкунӣ  83,2%-ро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи таҳсили соли гузашта сифати таълим 1,1% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 2,0% беҳтар шудааст.

Дар  фарҷоми нишаст  зикр гардид, ки имрӯз  ҷаҳон оид ба сар задани  мавҷи дуюми коронавирус сару садоҳо зиёд аст. Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз  ин вабо дар канор нест. Аз ин рӯ,  Донишгоҳ омодагии ҷиддӣ дидааст, то   ҳангоми сар задани мавҷи дуюм, дар ҳолати карантин  тариқи видео-онлайн омӯзишро бо донишҷӯён ба роҳ монда, онҳоро дар дохилу хориҷи мамлакат ба  ин курсҳо  фаро гирад.

Июль 16, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд