Маркази шаҳри Турсунзодаро 38 ҳазор гулҳои рангоранг шукуфон мегардонанд

Июль 31, 2020 09:11

ТУРСУНЗОДА, 31.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат баробари таъмиру навсозӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин маъракаи корҳои ободониву сарсабзгардонӣ бомаром идома дорад.

Шинонидани ниҳолу гулҳои ороишӣ ва ба ин васила сарсабзу хуррам намудани гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб гардида, ба вусъати ин маъракаи муҳим роҳбарияти шаҳри Турсунзода низ мароқи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Тибқи иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити  зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов, имрӯзҳо сабзкорӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ дар шаҳри Турсунзода ҷараёни  тоза гирифта, давоми ҳафтаи охир аз ҷониби кормандони муассисаи манзилию коммуналӣ дар ҳамкорӣ ва назорати шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар  мавзеи қабули меҳмонон, даромадгоҳи шаҳр, шафати роҳҳои нақлиётгард ва пиёдагарди ҳудуди  маркази шаҳр бо риояи талаботи агротехникӣ беш аз 38 ҳазор бех гулҳои рангоранги катаранта шинонида шуданд.

Айни замон парвариш, обёрӣ ва нигоҳубини гулҳо тибқи талабот ҷараён гирифта, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳар як меҳмони хориҷӣ, ки ба мамлакат ворид мегардад, таассуроти аввалинро аз  ҳамин шаҳр   бардошт менамояд. Аз ин лиҳоз  тозаву озода ва сабзу хуррам будани ин гӯшаи Ватан аз ҳар яки мо-сокинони шаҳр масъулияти баланди шаҳрдорӣ  тақозо менамояд. Зарур аст, ки имрӯз ҳар яки мо дар ҳифзи муҳити зист, риояи талаботи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, хуррамгардонӣ ва ободонии диёри хеш саҳм гузорем.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад