«Маро кормандони БДА манъ карда наметавонанд». Ҳабси ронандае, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Як нафар корбари саҳифаи иҷтимоии Инстаграм бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, то ронандаи воситаи нақлиёти дар он инъикосёфта мавриди санҷиш қарор дода шавад. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тавре худи ронанда дар навори ирсолнамуда мегӯяд, ӯ 15 қадаҳ (бакал) машруботи спиртӣ нушида, воситаи нақлиётро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи (удостоверение) махсусе аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд.
Ҷиҳати таҳқиқи навори мазкур ва муайян намудани шахсияти ронандаи дар навор инъикосёфта кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, ӯ ва автомашинаашро ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Ҷумъаев Азаматқул Худойқулович, соли таваллудаш 19.04.1989, сокини шаҳри Душанбе буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсиаш, тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайди давлатиаш 0101 ON 01 ба ҳаракатҳои намоишкорона даст зада, ба хотири худнамоӣ ва бартарӣ пайдо намудан дар байни дигар истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграми худ ба пахши мустақим (прямой эфир) баромада, аз ҳисси ҳавобаландӣ чунин суханонро изҳор доштааст.
Зимни пурсиши номбурда ва санҷиши ҳамаҷониба муайян карда шуд, ки ронандаи дастрасгардида Азаматқул Ҷумъаев дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият намекунад ва ба соҳибкорӣ машғул будааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбаташ парвандаи маъмурӣ барои паҳн намудани хабари бардуруғ оиди фаъолият доштанаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ин васила иснод овардан ба шаъни мақомотҳои давлатӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли шаҳрвандон, махсусан сокинони пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳама дар назди қонун баробар буда, истифодаи ваколатҳо ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад, ки қонуншиканӣ намояд.








Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон






