ММД ба 32,4 миллард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод

Июль 23, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон  соли равон сиёсати пайгирона ва мутавозуни пулию қарзӣ ва асъории худро барои нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

Ин дар ҳолест, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 32,4 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод. Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар нишасти  матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори  омма гуфт, ки афзоиши ММД дар ин давра аз ҳисоби рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,2 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоиз таъмин гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати  мутавозуни пулию қарзӣ ва босамар истифода бурдани фишангҳои монетарӣ таваррум дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 4,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби таъсири пандемияи коронавирус (COVID-19) бо баста ва  ё маҳдуд шудани ҳамлу нақл дар сарҳадҳои баъзе аз кишварҳои шарикони савдо, маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили гандум ва орд аз ҷониби кишварҳои содиркунанда, омилҳои мавсимӣ-номусоидии  боду ҳаво, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани талабот ба онҳо ва болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ алалхусус маҳсулоти хӯрокӣ  ба амал омад.

Гуфта шуд, ки дар ин давра барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ ва идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ 153,1 миллиард сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд аст.

Инчунин соли равон 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7,3 миллиард. сомонӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ дар муқобили таъсири хавфҳои эҳтимолӣ аз пандемияи COVID-19, инчунин ҷиҳати коҳиш додани хароҷоти иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 апрел муваққатан то 31 декабри соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан дар сатҳи 1 ва 5 фоиз  муқаррар гардиданд.

— Ин иқдом, — мегӯяд Ҷамшед Нурмаҳмадзода, — имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар гардонида, маблағи 241,7 миллион сомонӣ пардохтпазирии иловагӣ барои низоми бонкӣ пешниҳод шавад. Инчунин барои дастгириии иқтисодиёти мамлакат ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии сиёсати пулию қарзӣ дар давраи пандемия, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, аз моҳи майи соли равон дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Июль 23, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»