«МО, ҶАВОНОН, ИН ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ!» Таҳти ин унвон Аксияи ҷумҳуриявии тозагӣ роҳандозӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар мамлакат аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҷумҳуриявии тозагӣ таҳти унвони «Мо, ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!» роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар аксияи мазкур иштироки доираи васеи ҷавонону наврасон ва сокинони маҳаллӣ дар назар дошта шудааст.
Аксияи «Мо, ҷавонон, ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!» дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор шуда, ҳадаф аз он сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавони мамлакат мебошад.
Аксияи тозагии мазкур дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуда, ҷавонон дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






