Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти суҳбат вазирон дар робита ба ҳамагирии COVID-19 ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳамияти иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои маҳдуд намудани паҳншавии COVID-19 ва мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсарияро, дар ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои он таъкид намуд.
Мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона таъкид карданд. Шарокат ва дастгирии тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.
Ҳамзамон, раванди амалисозии тавофуқҳое, ки ҳангоми боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Швейтсария (5-6 ноябри соли 2019) ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин сӯҳбатро ташкил дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






