Нақшаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ гардид

Июль 22, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Токио-2020 дар Анҷумани 136-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълон кард, ҳамаи иншооте, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 пешбинӣ шуда буд, барои соли оянда ҳифз гардида, инчунин нақшаи баргузории мусобиқот тасдиқ шуд.  Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ин ҳодиса барои ташкилкунандагон як қадами муҳим аст: то оғози Бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020, ки 23 июли соли 2021 оғоз меёбанд, як сол боқӣ мондааст. Дар доираи идомаи омодагиҳо ин тасмим пешравии бузург аст.

Раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Йоширо Мори ва мудири кулли ин кумита Тоширо Муто дар Анҷумани КБО тасдиқ карданд, ки ҳамаи 43 макон барои баргузории мусобиқаҳо, шаҳраки олимпӣ, Маркази байналмилалии пахши телевизонӣ ва Маркази матбуот барои Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 истифода хоҳанд шуд. Онҳо ҳамчунин эълон карданд, ки тақвими мусобиқаҳо бо иловаи баъзе тағйироти ҷузъӣ ҳамон тавре ки буд, мемонад.

«Шаҳраки олимпӣ — дили Бозиҳои олимпӣ, ҷои баргузории мусобиқот – рӯҳ аст. Ман хушҳолам, ки шаҳрак ва иншоот барои соли оянда ҳифз карда шуданд. Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон дар шаҳраки олимпӣ зери як сақф зиста, якҷо хӯрок мехӯранд, якҷо ҷашн мегиранд, муҳокима мекунанд ва ҷомеи беназири олимпиро ташаккул медиҳанд. Токио-2020 барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш кард ва нақшаи мусобиқотро, новобаста ба вазъияти фавқулода тасдиқ намуд, ки шаҳодати фаъолияти босамари кумитаи муттаҳидаи идоракунанда бо роҳбарии Ҷон Коутс ва Йоширо Морӣ мебошад», — иброз намуд президенти КБО Томас Бах.

Ӯ дар идома гуфт, ки «то Бозиҳои олимпӣ як сол боқӣ мондааст ва дар пеш моро вазифаи бузург интизор аст. Ҳамроҳ бо шарикони японӣ ва дигар дӯстон мо розием, ки банақшагирии Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи талаботи буҳрони ҷаҳонӣ сурат гирад ва дар баробари ин рӯҳ ва идеяҳои ҷолиб, ки мақсади моро ифода мекунанд, ҳифз карда шаванд. Мо сари амалиёт ва хизматрасониҳое, ки ба варзиш ва варзишгарон зарар нарасонанд, кор карда истодаем. Бо ин тартиб, мо метавонем ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукот бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020-ро ба ҷашни ягонагӣ, ҳамбастагии инсонҳо ва рамзи эътимод ва умед ба ояндаи нек табдил диҳем. Нишон диҳем, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем».

Йоширо Мори чунин иброз намуд: «Ман бар ин назарам, замоне ки варзишгарони ҷаҳон аз ин нақби дарозу торик берун мешаванд, то дар бозиҳо ҷамъ оянд, ҳолати хушнудии беарзиш хоҳад буд. Мо дар оянда низ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то Бозиҳои олимпии Токио пас аз буҳрони бемории COVID-19 рамзи иттиҳод ва ҳамбастагӣ бошанд. 23-юми июли имсол, як сол қабл аз бозиҳо, мо дар нақша дорем, ки ба варзишгарон паёми ҳамдилӣ, умед ва далерӣ фиристем, то онҳо тавонанд Бозиҳои олимпии соли ояндаро бинанд».

Хотиррасон мешавем, ки анҷумани КБО инчунин дар бораи дастовардҳои комиссияи ҳамоҳангсозӣ доир ба сода гардонидани бозиҳо маълумот гирифт. Комиссия баррасии имкониятҳоро барои муносибсозӣ ва ба тартиб даровардани миқёс ва хизматрасонии бозиҳо идома медиҳад.

Июль 22, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад