Нақшаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ гардид

Июль 22, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Токио-2020 дар Анҷумани 136-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълон кард, ҳамаи иншооте, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 пешбинӣ шуда буд, барои соли оянда ҳифз гардида, инчунин нақшаи баргузории мусобиқот тасдиқ шуд.  Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ин ҳодиса барои ташкилкунандагон як қадами муҳим аст: то оғози Бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020, ки 23 июли соли 2021 оғоз меёбанд, як сол боқӣ мондааст. Дар доираи идомаи омодагиҳо ин тасмим пешравии бузург аст.

Раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Йоширо Мори ва мудири кулли ин кумита Тоширо Муто дар Анҷумани КБО тасдиқ карданд, ки ҳамаи 43 макон барои баргузории мусобиқаҳо, шаҳраки олимпӣ, Маркази байналмилалии пахши телевизонӣ ва Маркази матбуот барои Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 истифода хоҳанд шуд. Онҳо ҳамчунин эълон карданд, ки тақвими мусобиқаҳо бо иловаи баъзе тағйироти ҷузъӣ ҳамон тавре ки буд, мемонад.

«Шаҳраки олимпӣ — дили Бозиҳои олимпӣ, ҷои баргузории мусобиқот – рӯҳ аст. Ман хушҳолам, ки шаҳрак ва иншоот барои соли оянда ҳифз карда шуданд. Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон дар шаҳраки олимпӣ зери як сақф зиста, якҷо хӯрок мехӯранд, якҷо ҷашн мегиранд, муҳокима мекунанд ва ҷомеи беназири олимпиро ташаккул медиҳанд. Токио-2020 барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш кард ва нақшаи мусобиқотро, новобаста ба вазъияти фавқулода тасдиқ намуд, ки шаҳодати фаъолияти босамари кумитаи муттаҳидаи идоракунанда бо роҳбарии Ҷон Коутс ва Йоширо Морӣ мебошад», — иброз намуд президенти КБО Томас Бах.

Ӯ дар идома гуфт, ки «то Бозиҳои олимпӣ як сол боқӣ мондааст ва дар пеш моро вазифаи бузург интизор аст. Ҳамроҳ бо шарикони японӣ ва дигар дӯстон мо розием, ки банақшагирии Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи талаботи буҳрони ҷаҳонӣ сурат гирад ва дар баробари ин рӯҳ ва идеяҳои ҷолиб, ки мақсади моро ифода мекунанд, ҳифз карда шаванд. Мо сари амалиёт ва хизматрасониҳое, ки ба варзиш ва варзишгарон зарар нарасонанд, кор карда истодаем. Бо ин тартиб, мо метавонем ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукот бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020-ро ба ҷашни ягонагӣ, ҳамбастагии инсонҳо ва рамзи эътимод ва умед ба ояндаи нек табдил диҳем. Нишон диҳем, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем».

Йоширо Мори чунин иброз намуд: «Ман бар ин назарам, замоне ки варзишгарони ҷаҳон аз ин нақби дарозу торик берун мешаванд, то дар бозиҳо ҷамъ оянд, ҳолати хушнудии беарзиш хоҳад буд. Мо дар оянда низ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то Бозиҳои олимпии Токио пас аз буҳрони бемории COVID-19 рамзи иттиҳод ва ҳамбастагӣ бошанд. 23-юми июли имсол, як сол қабл аз бозиҳо, мо дар нақша дорем, ки ба варзишгарон паёми ҳамдилӣ, умед ва далерӣ фиристем, то онҳо тавонанд Бозиҳои олимпии соли ояндаро бинанд».

Хотиррасон мешавем, ки анҷумани КБО инчунин дар бораи дастовардҳои комиссияи ҳамоҳангсозӣ доир ба сода гардонидани бозиҳо маълумот гирифт. Комиссия баррасии имкониятҳоро барои муносибсозӣ ва ба тартиб даровардани миқёс ва хизматрасонии бозиҳо идома медиҳад.

Июль 22, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавони тоҷик Кароматулло Ҳакимов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаҳои Испания ва Нидерландия бозии дӯстона доир мекунад
Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 муайян гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Барои дар сатҳи баланд доир кардани мусобиқаҳои милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард»
Пешвои миллат: «Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Душанберо чун шаҳри сулҳу дӯстӣ муаррифӣ менамояд»
Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
Шоҳида Қаландарова барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуд
Варзишгари тоҷик Масъуди Аҳмадзод медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро ба даст овард
Президенти Тоҷикистон: «Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад»
Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиби медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардид
4 варзишгари тоҷик барои медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе рақобат мекунанд