Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол муайян гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/ 15 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо ба таври зерин муайян гардиданд: ба дасатаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб, бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ, «Истиқлол»-и Душанбе бо «Моҳир»-и Ёвон, «Барқчӣ»-и Ҳисор бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Душанбе-83»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Равшан»-и Зафаробод бо «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ бо «Хатлон»-и Бохтар, «Истаравшан»-и Истаравшан бо КМВА-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Куктош»и Рӯдакӣ.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки бозиҳои даври 1/8-финал 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020:
«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)
«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)
«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)
«Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе)
«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Куктош» (Рӯдакӣ)








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






