НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябр дар Тоҷикистон андозаи нафақаҳо 15% зиёд карда мешаванд

Июль 25, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 25.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли равон андозаи нафақаҳо боло рафта,  бозҳисобӣ ва индексатсия (бо назардошти болоравии нарх дар давраи таваррум) карда мешаванд.  Нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синну сол 15% ва  нафақаи маъюбони корношоям 50% меафзоянд. Дар баробари нафақа маош ва стипендияҳо низ зиёд карда мешаванд. Дар ин бора рӯзи  скешанбе зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод ДАВЛАТЗОДА иброз дошт.

Бо  мақсади таъмин намудани пардохти нафақаҳо бо назардошти зиёд гардидани андозаи онҳо аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон вобаста ба ташкил намудани  бозҳисобӣ  лоиҳаҳои санади меъёрию ҳуқуқии дохилиидоравӣ таҳия шуда, ҳамзамон корҳо ҷиҳати ташкили ҳаҷми зарурии захираи маблағ барои таъмини бозҳисобӣ идома доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории Тоҷикистон индексатсияи ҳамасолаи нафақаҳо пешбинӣ шудааст. Мувофиқи қонунгузорӣ, қисмҳои суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ бе назардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо ба он бояд индексатсия шаванд.

«Зиёд намудани нафақаи маъюбон аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон —  ин орзую умеди деринаи 30 ҳазор нафақахӯр мебошад. Ин на танҳо ба нафақагирони маъюби гурӯҳи 1 ва 2 дахл дорад, балки дар маҷмӯъ ин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба он нафароне, ки шароити бади зиндагӣ ва ягон  сарчашмаи даромад надоранд, равона гардидаанд.  Зиёд шудани нафақа дар хаҷми 15 фоиз ба тамоми нафақагирон дахл дошта, шурӯъ аз моҳи сентябр ин иқдом роҳандозӣ карда мешавад»,-афзуд директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Ба гуфтаи номбурда, маъюбони то синни 18 ва  инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбоне, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин карда шудааст. Нафақаи онҳо 50% зиёд ва андозаи он ба шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баробар карда мешавад. Яъне, нафақаи маъюбии кўдаки то синни 18 агар қаблан 180 сомониро ташкил медод, пас аз амалӣ гардидани супориши дар Паём дарҷгардида, бо назардоште, ки ҳадди ақали нафақа низ дар асоси супориши дар Паём иброзшуда ба 207 сомонӣ баробар мегардад, андозаи нафақаи он аз 1 сентябри соли 2020 ба 310,5 сомонӣ мерасад.

«Ба маъюбони гурӯҳи 1 ва гурӯҳи 1 ва  2 аз овони кўдакӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин карда шуда, айни замон андозаи нафақаашон 180,0 сомониро ташкил медиҳад. Дар асоси супориши болозикр, нафақаи онҳо низ бо назардошти афзоиши ҳадди ақали нафақа, ба 207,0 сомонӣ баробар гардида, андозаи нафақаи онҳо  аз 1 сентябри соли равон ба 310,5 сомонӣ расонида мешавад»,- гуфт Дилмурод Давлатзода.

Ёдовар мешавем, ки  ба ҳолати 1 январи соли 2020  дар ҷумҳурӣ 711 ҳазору 222 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда,  андозаи миёнаи нафақа дар мамлакат 303, 00 сомонӣ, андозаи  миёнаи нафақаи меҳнатӣ 363,17 сомонӣ, ҳаҷми миёнаи нафақаи суғуртавӣ 171,71 ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 169, 70 сомониро ташкил медиҳад.

Дилмурод Давлатзода ҳамчунин изҳор дошт, ки Агентӣ  бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷорӣ намудани низоми шаффофу кушоди таъминоти нафақа ба шаҳрвандон  силсилаи чорабиниҳоро анҷом дод. Аз ҷумла, бо мақсади такмили механизми таъйин ва пардохти нафақаҳо,  аз ҷониби Агентӣ низомномаҳои воҳидҳои сохтории Агентӣ такмил дода шуда, тақсимоти вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти онҳо мушаххас ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд. Функсияҳои такрорӣ байни шуъбаҳо ва шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бартараф карда шуданд. Равандҳои ҳамкории иттилоотӣ беҳтар гардонида, тартиби коркарди ҳуҷҷатҳои нафақа сода карда шуданд.

«Дар сатҳи мақомоти маҳаллии Агентӣ дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» марказҳои хизматрасонӣ барои нафақахӯрон таъсис гардиданд. Тибқи тартиби нав, ҳар як мутахассис, ки ариза дар бораи таъйин ва баррасии нафақаро қабул мекунад, нусхаҳои исканшудаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи нафақахӯрро таҳия карда, дар шакли «Excel» файли нафақа тартиб медиҳад, ки он баъдан  бо  истифодаи шабакаи алоқаи интернет ба марказҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои коркард фиристода мешавад»- гуфт номбурда дар шарҳи бештари ин масъала.

Зикр шуд, ки  барои ташкили баҳисобгирии электронии босифати нафақагирон, «Қоидаҳои ташкили таъйин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва Тартиби  таъйин ва пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ» таҳия  ва тасдиқ карда шуд.

Шаклҳои ариза, қарорҳо, маҷаллаҳо ва китоби бақайдгирӣ, феҳристҳо, санадҳо, ҳуҷҷатҳои пардохт барои санадҳои меъёрии дохилии маҳаллӣ таҳия карда шуданд. Барои таъмин ва пешбурди баҳисобгирии пардохтҳои нафақа беш аз 130 шакл таҳия карда шудааст. Бо мақсади ҷорӣ намудани тартиби нави ташкили таъйин ва пардохти нафақаҳо як қатор семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардида, беш аз 200 кормандони Агентӣ ба омӯзиш ва  таълим фаро гирифта шуданд.

Дар баробари ин бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокии нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нисбат ба нафақахӯрон ва пардохтҳои нафақавӣ, инчунин пешгирии хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ, ҳисоботи нави «94-КИЧ» ва таснифи ягонаи нафақахӯрон таҳия карда шуд.

Июль 25, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад