ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 22:00-и 3 август то соати 23:00-и 4 августи соли 2020 бо сабаби иҷрои корҳо ҷиҳати пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 1200 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А.Мухторов, Камола, Нодира, Хуҷамбиёи боло, Хуҷамбиёи поён, Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Шодоб ва Арғувони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қатъ мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд»,-афзуд манбаъ.
Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






