ОБУ ҲАВО: Дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва бебориш мешавад

Июль 2, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва бебориш мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2- 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18  ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Июль 2, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт