ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 37+39 дараҷа гарм мешавад

Июль 23, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 37+39 дараҷа  гарм гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан ҳолатҳо борони суст борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

Июль 23, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 39 дараҷа мерасад
Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад