Оид ба масоили омодагӣ ва баргузории Бозиҳои Нахустини кишварҳои ИДМ ҷаласа доир гардид

Июль 7, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 июли соли равон таҳти раёсати Вазири варзиши Федератсияи Россия Олег Матитсин ҷаласа оид ба омодасозӣ ва баргузор намудани Бозиҳои Нахустини кишварҳои ИДМ дар соли 2020 дар Қазон дар шакли конфронси видеоӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Дар он намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов иштирокчиёни ин чорабиниро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ибтикори Федератсияи Россия оид ба таъсиси Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи октябри соли гузашта якдилона дастгирӣ ва бо қарори он Низомнома дар бораи Бозиҳо тасдиқ шуда буд.

Таъсиси Бозиҳои кишварҳои ИДМ марҳилаи нави рушди ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳодро дар соҳаи гуманитарӣ боз мекунад, гуфт Агибай Смагулов. Вай аз идораҳои варзишии кишварҳои ИДМ барои корҳои то ин дам анҷомшуда ва инчунин корҳое, ки барои таъмини баргузории Бозиҳо ва идомаи пуршарафи онҳо нигаронида ва дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ байни кишварҳои ИДМ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос кард.

Бо мақсади татбиқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ Гурӯҳи кории байнидавлатӣ оид ба омодасозии Бозиҳо таъсис ёфтааст, ки фаъолияти он дар тӯли якчанд моҳ ба ҳаллу фасли масъалаҳои амалии вобаста ба омодасозии бевоситаи Бозиҳо равона шудааст. Агибай Смагулов инчунин зикр кард, ки бори асосӣ ба дӯши ҷониби Россия афтод, ки гузаронидани Бозиҳои Нахустинро дар Қазон ба ӯҳда гирифтааст ва бинобар ин вай аз Вазорати варзиши Россия ва Ҳукумати Тотористон изҳори сипос намуд.

«Итминон дорам, ки Бозиҳои Нахустини кишварҳои ИДМ яке аз лоиҳаҳои бузургҳаҷм ва муҳим дар соҳаи башардӯстӣ дар ҳудуди Иттиҳод хоҳад буд» — зикр намуд муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Бозиҳои Нахустини кишварҳои ИДМ аз 20 то 27 августи соли 2020 дар Қазон ба нақша гирифта шуда буданд. Аммо, бо дарназардошти вазъи номусоиди санитарӣ ва эпидемиологӣ ҳоло имконоти ба давраи аз 4 то 11 сентябр гузарондани Бозиҳо баррасӣ мешавад.

Дар барнома 22 намуди варзиш шомил шудаанд: баскетбол (3×3), бокс, волейбол (соҳилӣ), тенниси рӯи миз, гимнастикаи бадеӣ, полои обӣ, дзюдо, бадминтон, шиноварӣ, гӯштини варзишӣ, самбо, шамшерзанӣ, футбол (футболи хурд), гӯштингирӣ бо камарбандиҳо, қурейш, каратэ, рақси варзишӣ, армрестлинг, мас-рестлинг, вазнбардорӣ, бокси тайӣ ва шоҳмот.

Мусобиқаҳо дар давоми 11 рӯз баргузор мешаванд. Интизор меравад, ки дар онҳо тақрибан 2,5 ҳазор варзишгари аз 14 то 23-сола (вобаста ба навъи варзиш) ва 1 ҳазор намояндаи расмӣ дар ҳайати дастаҳо аз 11 кишвари ИДМ иштирок мекунанд. Дар мусобиқаҳо 810 довар ва ҳакам, аз ҷумла 178 нафар дар ҳайати дастаҳои иштирокчӣ ва 21 намояндаи техникӣ аз федератсияҳои байналмилалӣ оид ба навъҳои варзиш хизмат хоҳанд кард. Дар доираи Бозиҳо, дар назар аст, ки 284 бастаи медалҳо ба ғолибон супорида шаванд.
Бозиҳо дар 14 иншооти варзишӣ доир мешаванд, ки аксари онҳо дар доираи омодагӣ ба Универсиадаи 2013 дар Қазон бунёд шуда буданд. Иншооти мазкур ҷиҳати гузаронидани мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, федералӣ ва байналмилалӣ истифода шудаанд.

Иштирокчиёни конфронси видеоӣ ҷанбаҳои мухталифи ташкилӣ ва техникии гузаронидани Бозиҳоро муфассал баррасӣ ва оид ба дар даҳаи аввали моҳи август доир намудани семинар бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои варзишии кишварҳои Иттиҳод барои ошно шудан бо муассисоти инфрасохтори Бозиҳо дар Қазон ба мувофиқа расиданд.

Июль 7, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»