Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ гузаштанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Рақобати ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4:0 ба поён расид. Рӯзигули Ҳасан ду гол, Амина Собирова ва Некубахт Худододова якголӣ ба ҳадаф расониданд.
Бохти дастаи футболи «Зебо»-и Дӯстӣ сабаб шуд, ки дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз пирӯзӣ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:0 пешсафи ягонаи ҷадвали чемпионат гардид.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт. Се холи аввалинро ба дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Гулфайрӯз Ҳазратова овард. Дар ду бозии дигар дастаи футболи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав ба дарвозаи дастаи «Барқ»-и шаҳри Норак 11 голи беҷавоб зад, дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дастаи футболи «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд .
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 7 | 6 | 1 | 0 | 45-4 | 19 |
| 2 | «Зебонисо» (Душанбе) | 7 | 6 | 0 | 1 | 56-2 | 18 |
| 3 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 7 | 5 | 1 | 1 | 35-7 | 16 |
| 4 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 7 | 4 | 1 | 2 | 28-6 | 13 |
| 5 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 7 | 3 | 1 | 3 | 30-8 | 10 |
| 6 | «Барқ» (Норак) | 7 | 3 | 0 | 4 | 5-38 | 9 |
| 7 | «Ҳосилот» (Фархор) | 7 | 2 | 1 | 4 | 4-19 | 7 |
| 8 | «Чашма» (Шаҳритус) | 7 | 2 | 0 | 5 | 8-38 | 6 |
| 9 | «Равшан» (Кӯлоб) | 7 | 1 | 0 | 6 | 1-35 | 3 |
| 10 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 7 | 0 | 1 | 6 | 4-59 | 1 |
Дар даври ҳаштум вомехӯранд:
29 июл (чоршанбе)
«Хатлон» – «Ҳосилот»
«Зебонисо» – «Чашма»
«Бешкент» – «Зебо»
«Панҷшер» – «Барқ»
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






