Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон муайян гардиданд

Июль 28, 2020 13:26

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои  мамлакат    дар  сатҳи баланд баргузор  шуданд. Бозии марказии  ин давр миёни дастаҳои футболи  «Зебонисо»-и  шаҳри Душанбе  ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ  гузаштанд.  Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рақобати ин  дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи футболи  «Зебонисо»-и  шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 4:0  ба поён расид. Рӯзигули Ҳасан ду гол, Амина Собирова ва Некубахт Худододова якголӣ ба ҳадаф расониданд.

Бохти дастаи футболи   «Зебо»-и  Дӯстӣ  сабаб шуд, ки дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз пирӯзӣ бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:0  пешсафи ягонаи ҷадвали чемпионат гардид.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт. Се холи аввалинро ба дастаи «Равшан»-и  Кӯлоб  Гулфайрӯз Ҳазратова овард. Дар ду бозии дигар   дастаи футболи   «Бешкент»-и ноҳияи  Носири Хусрав ба дарвозаи дастаи  «Барқ»-и шаҳри  Норак 11 голи беҷавоб зад, дастаи футболи   «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дастаи футболи  «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд .

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Хатлон» (Бохтар)  7  6  1  0  45-4  19
 2  «Зебонисо» (Душанбе)  7  6  0  1  56-2  18
 3  «Зебо» (Дӯстӣ)  7  5  1  1  35-7  16
 4 «Бешкент» (Носири Хусрав)  7  4  1  2  28-6  13
 5  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  7  3  1  3  30-8  10
 6  «Барқ» (Норак)  7  3  0  4  5-38  9
 7 «Ҳосилот»  (Фархор)  7  2  1  4  4-19  7
 8 «Чашма» (Шаҳритус)  7  2  0  5  8-38  6
 9  «Равшан» (Кӯлоб)  7  1  0  6  1-35  3
 10  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)  7  0  1  6  4-59  1

 

Дар даври ҳаштум вомехӯранд:
29 июл (чоршанбе)
«Хатлон» – «Ҳосилот»
«Зебонисо» – «Чашма»
«Бешкент» – «Зебо»
«Панҷшер» – «Барқ»
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

 

Июль 28, 2020 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд