Ғолибони даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон муайян шуданд

Июль 20, 2020 17:20

ДУШАНБЕ, 20.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 19 июл доир гардид, даври сергол ба қайд гирифта шуд. Дар панҷ бозӣ 49 гол зада шуд, ки ба як бозӣ 9,8 гол рост меояд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз панҷ бозӣ дар сетоаш ҳисоби калон ба қайд гирифта шуд. Дастаҳои  футболи «Хатлон» бар дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 17:1, «Зебонисо» ба дастаи «Равшан» бо натиҷаи калони 18:0 ва «Зебо» бар дастаи  «Чашма» бо ҳисоби 11:0 ғолиб омаданд

Дар бозиҳои дигари ин давр дастаи футболи «Барқ» бар дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, бозӣ миёни дастаҳои  футболи «Бешкент» ва «Регар-ТадАЗ» бо натиҷаи  мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт.

Ёдовар мешвем, ки  15 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор гардида буданд. Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсаф –«Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Зебо»-и Дӯстӣ  доир гашта, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт.

Бозии дастаҳои мазкур хеле ҷолибу шавқовар  сурат  гирифт. Футболбозони шаҳри  Бохтар баъд аз зарбаҳои нишонраси Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натавонистанд ғолиб оянд. Ду голи Меҳрангез Шарифова  дастаи «Зебо»-и Дӯстиро аз бохт наҷот дод. Дар бозиҳои дигар дастаҳои  футболи  «Зебонисо»-и Душанбе бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав  бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо натиҷаи калон-  7:1, «Ҳосилот»-и Фархор  бар «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва «Барқ»-и шаҳри Норак  бар «Чашма»-и Шаҳритус бо натиҷаи 2:1  ғалаба карданд.

Пас аз натиҷагирии панҷ  даври бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дастаҳои футболи «Зебо» ва «Хатлон» бо 13-холӣ пешсафанд. Дар ҷои сеюм дастаи футболи «Зебонисо» бо 12 хол мавқеъ гирифтааст.

Дар даври шашум 22 июл ҷуфтҳои зерин бо ҳам вомехӯранд:

«Хатлон» – «Чашма»

«Ҳосилот» – «Зебо»

«Зебонисо» – «Барқ»

«Бешкент» – «Равшан»

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»

 

Июль 20, 2020 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад