Олимон ҷойҳои ниҳоят хатарноки сироятёбӣ бо коронавирусро номбар намуданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вирусшиносон ва иммунологҳо рейтинги ҷойҳои дорои хатари ниҳоят баланди сироятёбӣ ба коронавирусро тартиб доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Известия».
Коршиносон биноҳоеро, ки ба таври дуруст таҳвия намешаванд, ниҳоят хатарнок номиданд. «Ин ҷо таъйиноти иморат ё бино чандон муҳим нест, муҳим ин аст, ки дастгоҳҳои ҳавотозакунии онҳо чи тавр кор мекунанд. Агар гардиши ҳаво заиф бошад, дар ин ҳолат ҳар як фазои пӯшида метавонад хатарзо бошад» — чунин шарҳ дод роҳбари озмоишгоҳи муҳандисии геномии МФТИ Павел Волчков ба рӯзнома.
Дар ҷойи дуввуми рейтинг иморатҳо ва ҷойҳое шомил шудаанд, ки дар онҳо одамон муддати тӯлонӣ бо ҳам тамос ва муошират менамоянд. Аз ҷумла, нақлиёти ҷамъиятӣ, дӯконҳо ва дорухонаҳои назди хонаҳо ба чунин ҷойҳо шомил мебошанд, — хабар медиҳад директори Институти паразитологияи тиббӣ, бемориҳои тропикӣ ва трансмиссивии ба номи Е.И. Мартсиновский Александр Лукашев.
Дар феҳристи ҷойҳои ниҳоят хатарнок барҳо, тарабхонаҳо ва клубҳо ҷойи сеюмро ишғол менамоянд. Илова бар ин коршиносон таъкид менамоянд, ки ҳангоми боздид аз ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки дар он ҷо одамон фаъолона кор мекунанд (фитнес клубҳо, театрҳо, майдонҳои консертӣ) эҳтиёт бояд кард.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






