Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ихтирои навъҳои серҳосили зироати ба тағирёбии иқлим мутобиқ машғул мебошанд

Июль 13, 2020 17:57

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар сохтори кишоварзии мамлакат, дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ  90 хоҷагиҳои тухмипарварӣ фаъолият  доранд, ки 42-тои он дар вилояти  Хатлон мавҷуданд. Дар пойгоҳи Пажӯҳишгоҳ ё хоҷагиҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат ба тухмипарварии ибтидоӣ машғул мебошанд.

Ин амал дар оянда заминаи боъэтимод дар тухмипарварии ватанӣ мегузорад. Ин матлаб  зимни нишасти матбуотӣ  имрӯз аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода баён гардид.

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Нуралӣ Асозода иброз намуд, ки имрӯзҳо дар сохтори Иниститути зироаткорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва Маркази миллии захираҳои генетикӣ ба корҳои селексионӣ,  ихтирои навъҳои серҳосили зироати ба тағирёбии иқлим мутобиқ ва ҳамзамон ба тухмипарварии ибтидоӣ машғул мебошанд.

«Ҳар як хоҷагии тухмипарвар дорои 300 ё 400 гектар замин мебошад, ки вобаста ба сохтори кишт ба тухмипарварӣ машғуланд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар мамлакат 60 ё 65 фоизи кишти пахта ва 54 фоизи кишти ғалладонагиро навъҳои ватанӣ ташкил медиҳад», — афзуд номбурда.

Ҳамчунин зикр гардид, ки рўёнидани ҳосили фаровон аз захираи тухмии хушсифат вобастагӣ дошта, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ аз ҳосили соли 2019 барои тухмӣ 127 ҳазор 228 тонна тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзиро захира намуданд, ки дар кишти  имсола васеъ истифода карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 368 тонна ё 79,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ  оилаи занбӯри асал ба 231 ҳазору 642 расонида шудааст. Шумораи корхонаҳои нави парандапарварӣ  дар ҷумҳурӣ ба 169 адад расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад.

Июль 13, 2020 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд