Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ихтирои навъҳои серҳосили зироати ба тағирёбии иқлим мутобиқ машғул мебошанд
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар сохтори кишоварзии мамлакат, дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ 90 хоҷагиҳои тухмипарварӣ фаъолият доранд, ки 42-тои он дар вилояти Хатлон мавҷуданд. Дар пойгоҳи Пажӯҳишгоҳ ё хоҷагиҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат ба тухмипарварии ибтидоӣ машғул мебошанд.
Ин амал дар оянда заминаи боъэтимод дар тухмипарварии ватанӣ мегузорад. Ин матлаб зимни нишасти матбуотӣ имрӯз аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода баён гардид.
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Нуралӣ Асозода иброз намуд, ки имрӯзҳо дар сохтори Иниститути зироаткорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва Маркази миллии захираҳои генетикӣ ба корҳои селексионӣ, ихтирои навъҳои серҳосили зироати ба тағирёбии иқлим мутобиқ ва ҳамзамон ба тухмипарварии ибтидоӣ машғул мебошанд.
«Ҳар як хоҷагии тухмипарвар дорои 300 ё 400 гектар замин мебошад, ки вобаста ба сохтори кишт ба тухмипарварӣ машғуланд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар мамлакат 60 ё 65 фоизи кишти пахта ва 54 фоизи кишти ғалладонагиро навъҳои ватанӣ ташкил медиҳад», — афзуд номбурда.
Ҳамчунин зикр гардид, ки рўёнидани ҳосили фаровон аз захираи тухмии хушсифат вобастагӣ дошта, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ аз ҳосили соли 2019 барои тухмӣ 127 ҳазор 228 тонна тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзиро захира намуданд, ки дар кишти имсола васеъ истифода карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 368 тонна ё 79,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ оилаи занбӯри асал ба 231 ҳазору 642 расонида шудааст. Шумораи корхонаҳои нави парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 169 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад.








Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат






