Пагоҳ Кумитаи андоз, Агентии омор, Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти гумрук, Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ доир мекунанд

Июль 29, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 июл оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар  шаш моҳи аввали  соли 2020 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук соати 09:00 дар Хадамоти гумрук,  Агентии омор соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур, Кумитаи андоз соати 11:00 дар толори Раёсати андози андозсупорандагони калон (кӯчаи Шамсӣ 5/3)  баргузор мешавад.

Академияи идоракунии давлатӣ соати 10:00 ва Агентии хизмати давлатӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Июль 29, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд