ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Комиссияи Аврупо барои таҳкими низоми тандурустӣ ва дигар хидматрасониҳои асосӣ дар Тоҷикистон беш аз 112 миллион евро ҷудо мекунад

Июль 24, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл, дар доираи барномаи вокуниши ҷаҳонии «Team Europe» Комиссияи Аврупо барои таҳкими низоми тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии мамлакат дар мубориза бар зидди коронавирус дар бораи ҷудо намудани 112,2 миллион евро эълон намуд, хабар медиҳад хабаринигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР бо истинод ба Комиссияи Аврупо.

Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен ҷудо кардани кумаки молиявиро шарҳ дода, гуфт, ки пандемияи коронавирус ба мо, шариконамон, шаҳрвандон ва иқтисодамон таъсир расонд ва расонида истодааст.

«Иттиҳоди Аврупо мардуми тоҷикро бо маблағи 112 миллион евро ба Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиди коронавирус ва қонеъ гардонидани ниёзҳои дарозмуддати тиббию санитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дастгирӣ мекунад. Тоҷикистон қодир аст фарогирии тиббии худро зиёд ва беҳтар кунад. Инчунин ҷавонони тоҷик метавонанд ҳатто дар шароити буҳрон ба таҳсилоти босифат ва ва имкони беҳтари бо кор таъмин шудан дастрасӣ пайдо намоянд», — илова намуд ӯ.

Маҷмӯи кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст, ки онҳо Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 миллион евро), Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат II (50 миллион евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 миллион евро) мебошанд. Ду барномаи аввал дорои унсурҳо мебошанд (ба маблағи умумии 46,2 миллион евро), ки бевосита вокуниши фаврӣ ба пандемияро дастгирӣ мекунанд ва инчунин талошҳоро барои сабук кардани таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тақвият медиҳанд.

Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ ба беҳтар кардани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии маҷмӯии тиббӣ дар Тоҷикистон равона шудааст. Он механизми идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустиро бо тамаркуз ба кумаки аввалини тиббию санитарӣ мустаҳкам менамояд. Ин барнома инчунин низомҳои муассири пешгирӣ ва назорати сироятро тақвият мебахшад ва лавозимоти тиббиро, ба монанди дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва лавозимоти инфиродии кормандони соҳаи тиб маблағгузорӣ мекунад.

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат II ба беҳтар кардани натиҷаҳои омӯзиш ва имконоти кор барои ҷавонони тоҷик нигаронида шудааст. Барнома идоракуниро дар соҳаи маориф тақвият дода, ба идоракунии молияи давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Он дастрасии тамоми кӯдакон ва ҷавононро ба таълими хушсифат тавсеа дода, тавассути ислоҳоти таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва таҳсил ба беҳтар намудани дурнамои кории онҳо кумак мерасонад. Чорабиниҳои об, беҳдошт ва гигиенӣ дар мактабҳо дар баробари омодагии баланд барои таълими фосилавӣ ҳатто дар шароити буҳрон дастрасии бештар ба таҳсилро таъмин мекунанд.

Барномаи дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба дастрасии хизматрасониҳои заминавии давлатӣ барои ҳама тоҷикон нигаронида шудааст. Ин барнома ба ташаккули маъмурияти давлатӣ мусоидат мекунад, ки он метавонад хадамоти ҳамгирошуда ва онлайнии ҷамъиятиро пешниҳод намояд ва шаффофияту ҳисоботдиҳиро таъмин кунад. Тавассути мусоидат ба пешниҳоди беҳтари хидматрасонӣ, барнома кумакҳои дигари ИА-ро ба Тоҷикистон ҳавасманд хоҳад кард.

ДАР АКС: Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен. Акс аз Yle Uutiset

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «Ховар»:

Вокуниши ҷаҳонии ИА ба пандемияи коронавирус бар равиши «Team Europe» асос ёфта, захираҳои ИА ва кишварҳои узви он, инчунин институтҳои молиявии Аврупо, бахусус Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро муттаҳид мекунад. Комиссия тасмим дорад, ки кумакро дар самти инфрасохтори санитарию гигиенӣ ва инчунин дастгирии соҳибкории хурду миёна идома диҳад.

Муносибатҳои ИА ва Тоҷикистон соли 1991 ба роҳ монда шуданд, вақте ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо расонидани кумаки техникӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Кумаки дуҷонибаи рушд аз 20 миллион евро дар як сол дар аввали солҳои 2000-ум то ба 33 миллион евро дар як соли имрӯз афзоиш ёфтааст. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории ИА бо Тоҷикистон дар доираи барномаи кунунӣ (2014-2020) маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот мебошанд. Ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ низ аз афзалиятҳо боқӣ мемонад. Тоҷикистон калонтарин гирандаи кумаки дуҷонибаи ИА дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Иттиҳоди Аврупо инчунин Тоҷикистонро тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ барои таҳкими низоми тандурустӣ дастгирӣ мекунад.

 

Июль 24, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ