Пешгӯии СУТ дар хусуси оғози эмкунии ҳамагонӣ бар зидди COVID-19
ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Эмкунии ҳамагонӣ бар зидди COVID-19 метавонад миёнаҳои соли 2021 шурӯъ шавад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора бо истинод ба изҳороти муовини роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Сумия Сваминатан ширкати телевизионӣ ва радиоии Германия «Deutshce Welle» хабар додааст.
Сумия Сваминатан шарҳ додааст, ки дар айни замон 20 ваксин – номзад дар ҳоли сипарӣ намудани марҳилаи озмоиш қарор доранд ва умед аст, ки бархе аз онҳо қобили истифода хоҳанд буд.Натиҷаи озмоишҳо то оғози соли 2021 дастрас хоҳад шуд.
Муовини СУТ зикр намуд: воқеияти он, ки сафедиҳои зидди ҷисмҳои бегона (антитела) бар зидди вируси нав дар хуноб пас аз чанд ҳафта нобуд мешаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ далели адами мавҷудияти масунияти ҳосилшуда намебошад. Механизми масунияти ҳуҷайравӣ бар зидди COVID-19 ҳанӯз дуруст омӯхта нашудааст.
Қаблан СУТ дар хусуси он ки дар қадами аввал ваксина бар зидди COVID-19 ба кадом одамон гузаронида мешавад, ибрози назар намуда буд. Ба гурӯҳҳои соҳибимтиёз одамоне шомиланд, ки дар сафи пеши мубориза бо пандемия мебошанд – ронандагони мошинҳои ёрии таъҷилӣ, аъзои гурӯҳҳои кумаки таъҷилии тиббӣ ва табибони дигар. СУТ инчунин бар ин назар аст, ки дар қадами аввал бояд пиронсолон ва афроди мубталои бемориҳои фишорбаландӣ, қанд ва камақлӣ бо ин ваксина эм карда шаванд.
ДАР АКС: Муовини СУТ Сумия Сваминатан. Акс аз бойгонӣ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






