Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Холмамат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд

Июль 2, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Холмамат», ки соли 2019 ташкил гардидааст, фарогири 4,3 гектар замини корами обӣ мебошад. Вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ хоҷагидорон дар кишти асосӣ 2,3 гектар помидор шинонида, аллакай аз як гектари он ҳосилро ҷамъоварӣ мекунанд. Аз рӯйи маълумоти саҳмдорон, дар ҳар чинак то як тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.

Дар қатори ниҳоли помидор, ҷуворимакка барои дон шинонида шудааст, ки он дар баробари ҳосилбандӣ, ҳамчунин бо таъмини соя дар серҳосилии помидор замина мегузорад.

Ниҳоли помидорро дар ин майдон моҳи март шинонидаанд ва аз ҳосилбандии он кишоварзон қаноатманд мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки 1 гектар бодиринг, 0,50 гектар помидор ва 0,50 гектар карам дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» кишти такрорӣ мебошад.

Саҳмдорон қаблан дар масоҳати 1,5 гектар картошка ва 0,50 гектар карам кишт намуда, аз он ҳосили фаровон ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосили картошка аз кишти асосӣ ба 35 ва карам ба 25 сентнер расидааст, ки ин нишондод ба талаботи соҳа дар иқлими ноҳияи Ҷаббор Расулов мутобиқ аст.

Соли равон кишоварзони хоҷагӣ парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ монданд.

Айни замон хоҷагии мазкур дорои 20 оилаи занбӯри асал мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорон, хоса истифодаи самараноку оқилонаи замин дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» баҳои баланд дода, ба кишоварзон барои саҳми арзанда гузоштанашон дар таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Сипас Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» ташкил карда шуд, дидан намуданд.

Ба иттилои масъулони соҳа, имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд зиёда аз 2400 хоҷагии кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, масоҳати умумии заминҳои корами обӣ 12167 гектар, лалмӣ 2184 гектар, майдони боғ 1404 гектар ва токзор 60 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ин намоишгоҳ аз 6 ҷамоати деҳоти ноҳия хоҷагидорон иштирок намуда, дар ду пирамида, 10 хайма ва растаҳо маҳсулоти нонию номгӯи гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ, меваҳои шаҳдбор ва инчунин асали табииро ба маъраз гузоштанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар ноҳия 2780 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайвастаи сокинон, хоса хоҷагидорони ноҳияи Ҷаббор Расулов марбут дониста, таъкид намуданд, ки ҳисси масъулияту маданияти баланд ва истифодаи самараноку оқилонаи замин аз ҷониби кишоварзон дар таъмини пурраи бозори истеъмолии мамлакат замина хоҳад гузошт.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Холмамат» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 02.07.2020

Июль 2, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд