Президенти Филиппин касонеро, ки аз пӯшидани ниқобҳои зидди коронавирус саркашӣ мекунанд, таҳдиди ҳабс намуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Филиппин Родриго Дутерте касонеро, ки аз пӯшидани ниқобҳои зидди коронавирус саркашӣ мекунанд, таҳдиди ҳабс намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Reuters.
«Мо дар мавриди ба ҳабс гирифтани касоне, ки дар шароити пандемия ниқоб намепӯшанд ва фосилаи амнро риоя намекунанд, шак надорем. Ин ҷинояти ҷиддӣ аст. Бигзор ҳабси онҳо барои дигарон сабақи хуби ибрат шавад ”, — гуфт роҳбари давлати Филиппин.
Ҳафтаи гузашта ҳукуматдорон эълом намуданд, ки дар сурати зарурат онҳо иҷборан мубталоёни шакли сабуки пневмонияи вобаста ба коронавирусро аз хонаҳояшон ба беморхонаҳо интиқол медиҳанд, сарфи назар аз он ки онҳоро дар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳкор хоҳанд кард. Мансабдорон зарурати андешидани тадбирҳои қатъиро ба афзоиши якбораи шумораи сироятёфтагон ва фавтидагон аз уфунат пас аз он ки моҳи июн дар Филиппин реҷаи карантин суст карда шуд, рабт доданд.
Дар айни замон аз рӯи шумораи ҷонбохтагон аз пандемия Филиппин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, баъд аз Индонезия, ҷои дуюмро ишғол менамояд. Аз моҳи июн теъдоди филиппиниҳои сироятёфта чор маротиба зиёд шуда, ба 68,898 тан расид. Шумораи ҷонбохтагон моҳи гузашта ду баробар афзоиш ёфта, то 1835 тан расидааст.
АКС: coronavirusnewslive.com








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






