Пули мошингарди шаҳраки Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Июль 9, 2020 15:07

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пули мошингарди кӯчаи ба номи Расул Раҷабови шаҳраки Ёвон сохта мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, боришоти бошиддати борону жола ва омадани селу лойиқа 25 апрели соли 2014 ба якчанд иншооти ҳаётан муҳими ноҳия хисорот расонида, пули мошингарди кӯчаи ба номи Расул Раҷабови шаҳраки Ёвонро ба куллӣ аз байн бурд ва дар ин мавзеъ гаштугузори нақлиёт ва пиёдагардон манъ гардида, барои сокинон ва меҳмонони ноҳия мушкилоти ҷиддӣ ба миён овард. Акнун пули мазкур пурра навсозӣ шуда, баъди ба истифода додани он мушкили мардум аз байн меравад.

Маблағи сохтмони пули мазкур 26 миллион сомониро ташкил дода, он бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо истифода аз  маблағҳои  буҷаи маҳал ва саҳми соҳибкорони саховатпешаи ноҳия бунёд мегардад. Иқтидори вазнбардории пул 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иншшоти  ёрирасон барои меҳмонхона,  дигар утоқҳои хизматӣ, маҷмааҳои Парчаму Нишони давлатӣ бо гулгашт  босуръат идома дорад. Иншооти мазкур бо маблағи умумии 21 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар кӯчаи ба номи М. Турсунзодаи шаҳраки Ёвон сохта мешаванд.

Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои миллӣ сохта мешавад.

Маҷмааҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд мегардад. Тибқи лоиҳа баландаи пояи Парчам 50 метр, бари он  14 метр ва баландиаш  7 метрро ташкил медиҳад.

Баландии пояи Нишон  25 метр ба нақша гирифта шудааст.

Дар миёни маҷмааҳои болозикр муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо 14 метр бунёд карда мешавад.

Дар атрофи маҷмааҳои муқаддасоти давлатӣ дар масоҳати 1,2 гектар гулгашт бунёд гардида, дар он фаввораҳо, нишастгоҳҳо ва роҳравҳои сафолакпӯшгардида ва дигар имкониятҳои фароғатӣ ҷойгир карда мешавад.

Дар вақти бунёди иншоотҳои мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин хоҳанд гашт.

Июль 9, 2020 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст