Рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Июль 17, 2020 15:19

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ  «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки он  мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

«Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём, байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст. Баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд»,-афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз 3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа  толорҳову  майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд.  Иншоот аз қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Ба корҳои сохтмонии ин  Маҷмааи универсалии варзишӣ 18 ширкати пудратчӣ ва 350 нафар мутахассиси хориҷиву ватанӣ ҷалб гардидаанд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда,  ҳар кадоме  аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Аз ҷумла, ҳар як  майдони омӯзиши теннис дорои  150 ҷойи нишаст мебошад.  Қасри теннис дорои  3 ҳазор ҷойи нишаст буда,  таваққуфгоҳи зеризаминии он  имкони   ғунҷоиши 280 мошинро дорад.

Қасри калони варзиши обии ин маҷмаа  дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст буда, фаъолияти низомҳои ҳавокашу зиддисӯхторӣ, шабакаҳои камшиддат, хатҳои муҳандисӣ ва дигар корҳои он  бо  истифода аз технологияҳои замонавӣ  ба роҳ  монда шудаанд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии ин қаср зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ ба  масофаи дароз, ба масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш ба об пешбинӣ гардидааст, ки он низ ба тамоми талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла, барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон метавонанд бо тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Ҳавзҳои Қасри калони варзиши обӣ  бо баландиҳои 1.5, 3, 7 ва 10 метр мутобиқ ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ сохта шудаанд.

Дар ҳавзи шиноварии болокушода 3 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об ва дар қасри намудҳои варзиши обӣ 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ дар масофаи дароз, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш дар об гузаронидан мумкин аст.

Бояд ёдовар шавем, ки  Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, мавриди дастгирии ин ташкилоти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар миёни иншооти ёрирасони маҷмаа маконе бунёд гардидааст, ки аз он ҷо сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионҳо пайваст карда шудаанд.

Дар атрофи Маҷмааи варзишӣ 8 майдонча бунёд гардида, корҳои ободонию сабзазоркунии он ҳам ба итмом расидаанд.

Июль 17, 2020 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд