Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳи рамзӣ Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи марти соли 2018 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Садрӣ Файзиев оғоз гардида, он дар муҳлати муайяншуда бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор гирифт ва барои 60 нафар шароити корӣ фароҳам орварда шуд.
Беморхонаи мазкур дорои 4 ошёна буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.
Маркази саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва дигар технологияи муосири ташхису табобат ҷиҳозонида шудааст.
Дар баробари васлу насби беҳтарин технологияи тиббӣ, инчунин дар ошёнаҳои якум ва дуюми беморхона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисон бо истифода аз гулу растаниҳои шифобахши ватанӣ имкон доранд, маризонро ба ин намуди табобат низ фаро гиранд.
Ҳуҷраҳои беморхона маҷмӯан дорои 75 кат буда, барои бе мушкилӣ гузаронидани мавсими сармо ҳар яке бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ва хати озоди барқ пайваст карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхонаи мазкур, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич ва атрофи он туҳфаи арзишманд дар солгарди навбатии Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд.
Акнун, ки вазъи хизматрасонии мутахассисон дар беморхона минбаъд дар шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза сурат мегирад, Пешвои миллат онҳоро барои расонидани кумаки босифати тиббӣ ба сокинони ноҳия ҳидоят карданд.
Барои ба пуррагӣ анҷом додани корҳои бунёдӣ дар беморхонаи мазкур саҳмгузории дигар шахсони саховатпешаи деҳот низ назаррас арзёбӣ мегардад. Масъулияти баланди худшиносии миллӣ ва дар иҷрои ин амал камари ҳиммат бастани соҳибкорони ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич аз иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, қомат афрохтани бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастрасии бештар аз 26 ҳазор сокини ҷамоат ба хизматрасонии тиббӣ натиҷаи ҳамин пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат аст.
Тарҳи зебои иморати навсохт, роҳравҳои сафолакпӯш, фаввораҳои ранга ва саҳни бо дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ зинатёфтаи бинои муассисаи тандурустӣ ба ҳусни деҳоти дурдасти кишвар шукуҳи хосае мебахшад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи тандурустии навсохту замонавӣ ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич гузаронида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи соҳибкор Садрӣ Файзиев ва дигар шахсони ватандӯсти деҳот, ки бо бунёди беморхонаи замонавӣ шароити мусоиди фаъолият ва дастрасии сокинон ба хизматрасонии тиббиро таъмин кардаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, анҷоми чунин эҳсонкориҳоро ба нафъи миллату ҷомеа ва амали ҷавонмардона арзёбӣ намуданд.









Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд






