Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо тарзи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо шинос шуданд

Июль 22, 2020 11:56

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ нахуст аз замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо боздид ба амал оварда, бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.

Масоҳати умумии замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо 0,14 гектарро фаро мегирад, ки дар 0,08 садяки он кишту парвариши зироат ба роҳ монда шудааст.

Аъзои оила дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти меҳнати содиқона ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ, ки баробари таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, ҳамчунин ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон мусоидат мекунад, дар назди ҳавлии хеш ду гармхона бунёд намуда, кишту парвариши помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лаблабу, ангур, лимӯ ва навъи гуногуни зироатро ба роҳ мондаанд.

Соли ҷорӣ аз гармхонаҳо 200 килограмм ҳосили бодиринг ҷамъоварӣ гардидааст ва аз нашъунамои ниҳолҳои бодирингу помидор ва дигар сабзавот интизор меравад, ки имсол аз ин ҳам бештар ҳосил ба даст оварда шавад.

Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, дар самти бо ҷойи кор таъмин шудани сокинон ва ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нақши арзишманд дорад.

Сокинони маҳаллаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ раванди кишту парвариши зироатро дар заминҳои наздиҳавлигӣ сол то сол тақвият мебехшанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 445 гектараш замини наздиҳавлигӣ мебошад.

Сокинони маҳаллӣ таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи истифодаи пурсамару оқилонаи замин, аз ҷумла кишту парвариши зироат дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба даст овардани се — чор ҳосил сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола аз ин ҳисоб маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд.

Оилаи Усмоновҳо ҳамзамон дар назди ҳавлии хеш 10 навъи дарахтони гуногуни мевадиҳандаро шинонидаанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст меоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Занони рӯзғордидаи деҳаи Фалакон қоидаҳои дурусти тайёр намудани консерваю мураббо ва афшураи меваҷотро риоя намуда, ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола аз ҷониби аъзои оилаи Усмоновҳо зиёда аз 700 қуттии шартӣ консерваю мураббо, афшураи меваҷот омода ва захира карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони рӯзғордида ва соҳибтаҷрибаи деҳаро барои омӯзонидани ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд.

Аъзои оилаи Усмоновҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгӯи гуногуни маҳсулот, аз қабили гандум, биринҷ, мош, зағер, нахуд, лубиёгиҳо ва ғайраро дар зарфҳои махсус барои ду соли оянда захира доранд.

Истифодаи пурсамари заминҳои корам, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз ба фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидати ҳамаҷониба намудаст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор, аз ҷумла яхдон, телевизиор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Усмоновҳо сокинони маҳаллии деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.

Шиносоӣ бо тарзи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 22.07.2020

Июль 22, 2020 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд