Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Балҷувон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/ Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи 9 июл cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид. Дар доираи ин сафар Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Балҷувон шинос гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Сарвазири мамлакат бо ҳайати гурӯҳи корӣ бо корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» шинос шуд. Навсозии ин роҳҳо дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, саҳми соҳибкорон дар ин ободкориҳо зиёд аст. Масофаи роҳи мумфаршгардида наздики 4 км-ро ташкил дода, корҳои сохтмониро техникаҳои роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия анҷом медиҳанд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки аз соли 2019 азнавбарқарорсозии Қаълаи таърихии Мири Балҷувон оғоз гардида, алаккай як қисмати корҳо дар ин макони таърихӣ ба анҷом расидаанд. Қаълаи мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия маҳсуб шуда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.
Сарвазири мамлакат бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, ҷойи баргузории намоишгоҳ, литсейи касбӣ-техникӣ, майдони Парчами давлатӣ, осорхона ва варзишгоҳ дидан карданд.
ДАР АКСҲО: Сарвазири мамлакат Қ. Расулзода бо рафти корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» шинос шуд
Сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, он яке аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мешавад.
Дар иншоот 35 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.
Ҳамчунин дар ноҳия ҷаласаи кории назди Сарвазири мамлакат дар Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Ҳукумат ва фаъолони ноҳия доир гардид.
Қоҳир Расулзода ба масъулин ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, бозсозии роҳ то мавзеи Сари Хосор, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКСИ БОЛО аз бойгонӣ








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






