Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 221 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 221 ҳазор нафарро ташкил дод. Чунин маълумотро 27 июн Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нашр кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
27 июл дар ҷаҳон 16 418 867 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 652 256 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 221 260 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 4 303 нафар вафот кардаанд.
Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 8 385 810 (+93 499 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 890 нафар зиёд шуда, ба 332 589 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 216 335 сироятёфта ва 210 261 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 20 287 ва фавт — 311 ҳолат афзудааст.
Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 732 248 ва қурбониён 39 786 мубошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 53 254 нафар зиёд шуда, 793 нафар фавтидаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 371 839. Баъдан Бразилия (2 419 901), Ҳиндустон (1 436 019), Россия (812 485), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (445 433), Мексика (390 516), Перу (384 797), Чили (345 790), Испания (319 501) ва Британияи Кабир (299 426) ҷойгиранд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






