Шерхон Салимзода: «Қаламрави Тоҷикистон барои ҳамлу нақли мухаддирот камтар истифода мешавад»

Июль 16, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Солҳои охир қаламрави Тоҷикистон ҷиҳати ҳамлу нақли маводи мухаддир камтар истифода мешавад. Тавассути «Масири шимолӣ» аз 8 то 10 фоизи миқдори умумии маводи мухаддир интиқол дода мешавад», — гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Ба қавли директори Агентӣ, сабаби асосии ин коҳишёбӣ чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, пурзӯр намудани мубориза алайҳи қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии мамлакат мебошанд.

Мавсуф инчунин ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ аз тариқи ин масир тақрибан 25-40% маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда интиқол дода мешуд. Сарвари АНМН Тоҷикистон иброз намуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Россия низ ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир 5 маротиба коҳиш ёфтааст, теъдоди шаҳрвандони ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздоштшудаи Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ 2,5 маротиба кам шудааст.

Илова бар ин, дар ҳамин давра дар қаламрави Афғонистон ҳолатҳои мусодираи прекурсорҳо (маводи кимиёвӣ, ки дар раванди таҳияи маводи мухаддир, аз ҷумла героин истифода мешавад) сабт нашудаанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон низ ҳолатҳои парвариши растаниҳои нашъадор ба назар намерасанд (ба истиснои ягон — ягон ҳолати парвариши миқдори ками онҳо барои истеъмоли шахсӣ).

Тибқи маълумоти ин сохтор, дар Афғонистон дар 163 ҳазор гектар замин кӯкнор кишт шудааст ва соли равон интизор меравад, ки 6 400 тонна афюн ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Шерхон Салимзода таъкид кард, ки дар солҳои охир талабот ба героин каму беш коҳиш ёфтааст, истеъмолкунандагони мухаддирот аз маводи нашъаовари синтетикӣ, хусусан навъи ҷадиди он «кристалл», ки ба таври қочоқ аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла — Латвия ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, истифода менамоянд. Аммо вақтҳои охир маводи нашъаовари синтетикӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

 

Июль 16, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд