Ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар давраи пандемия беш аз чор ҳазор мусофирро ба Ватан оварданд

Июль 27, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи  пандемияи сирояти COVID-19  ва бар асари он баста шудани сарҳадҳои давлатҳо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ — «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» тавассути парвозҳои чартерӣ беш аз чор ҳазор шаҳрвандони мамлакатро аз кишварҳои хориҷӣ, назири Россия, Туркия, Полша, Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Италия, Украина, Эрон, Покистон, Афғонистон, Кувайт, Чин ва Амрико ба Тоҷикистон баргардониданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз дар Душанбе дар нишасти хабарӣ ба намояндагони  воситаҳои ахбори омма гуфт, ки  дар давраи пандемия ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ тавассути парвозҳои махсус  беш аз 173 тонна таҷҳизоти тиббӣ ва  маводи дорувориро ба Тоҷикистон интиқол додаанд.

Зикр шуд, ки ширкати ватании ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар ин давра  80 парвози мунтазам, ду парвози фармоишӣ дар  масири Душанбе-Москва-Душанбе,  1 парвози фармоишӣ дар хатсайри  Душанбе- Қазон-Душанбе,  11 парвози  фармоишӣ  дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 757-200 ва як парвоз бо ҳавопаймои  Ан- 28 дар  хастсайри Душанбе –Хоруғ –Душанбе иҷро намуд.

Инчунин директори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки бо дастури Президенти мамлакат ширкати «Тоҷик Эйр» 245 нафар мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ройгон интиқол дод, ки маблағи чиптаро Ҳукумати мамлакат пардохт намудааст.

Июль 27, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон