Суди Олӣ: Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид

Июль 20, 2020 17:08

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа ва тарбияии шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин бора имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО ибрози назар намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар марҳалаи кассатсионию назорати Суди олӣ, судяҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи шикояту эътирозҳо 3661 адад санадҳои судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтаанд. Инчунин бекоршавии қарорҳои судӣ дар маҷмӯъ 128 адад ё 0,19-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 санади судӣ ё 0,08 фоиз кам шудааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақоми судӣ судяҳо вазифадор гардидаанд,  ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ надода, барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ ва таҳия намудани санадҳои судӣ, сари вақт омода гардидани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ, инчунин назорати иҷрои қарорҳои судӣ тамоми тадбирҳоро андешанд.

Инчунин бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ ва коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва аҳамияти давлат равонагардида корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд ва ҷамъбасти амалии баррасии парвандаҳои оилавӣ вабаста ба фарзандхонӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, парвандаҳои гражданӣ вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ ва парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҳолатҳои ба худкушӣ расонандаро баҳри бартараф кардани камбудиҳо ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба мақомоти далхдор пешниҳод ирсол намоянд.

Июль 20, 2020 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд