Суди Олӣ: Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа ва тарбияии шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин бора имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО ибрози назар намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар марҳалаи кассатсионию назорати Суди олӣ, судяҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи шикояту эътирозҳо 3661 адад санадҳои судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтаанд. Инчунин бекоршавии қарорҳои судӣ дар маҷмӯъ 128 адад ё 0,19-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 санади судӣ ё 0,08 фоиз кам шудааст.
Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақоми судӣ судяҳо вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ надода, барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ ва таҳия намудани санадҳои судӣ, сари вақт омода гардидани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ, инчунин назорати иҷрои қарорҳои судӣ тамоми тадбирҳоро андешанд.
Инчунин бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ ва коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва аҳамияти давлат равонагардида корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд ва ҷамъбасти амалии баррасии парвандаҳои оилавӣ вабаста ба фарзандхонӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, парвандаҳои гражданӣ вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ ва парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҳолатҳои ба худкушӣ расонандаро баҳри бартараф кардани камбудиҳо ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба мақомоти далхдор пешниҳод ирсол намоянд.








Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад






